Маҳсулоти мо

КОРҲОВУ БАХШҲОЕ, КИ МАВРИДИ ОМЎЗИШУ ТАРАҚҚӢ БАХШИДАНИ МО ҲАСТАНД

Мо на танҳо дӯзандаем, чун дўзандагӣ-хайётӣ як шохаи хурди ҳунар аст, ки дар қолаби танге ҷой дорад. Мо офарандаи ҳамаи анвоъи ҳунарҳои марбут ба хайётӣ ҳастем. Кори мо барои бозору кўча нест, кори мо барои намоиш  додани чеҳраи воқеъии Миллат аст.

Ҳамаи халқияту миллатҳову ақвоми хурду бузург соҳибони ҳунарҳои гуногуни маданиву маишӣ ҳастанд. Бо таъсири омилҳои табиъӣ, тағйири сиёсатҳо, ҷангҳо, омезиши миллатҳо иддае аз ҳунарҳои мардум аз миён мераванд. Ҷойи басо корҳои зарифи дастиро мошин мегирад. Ин як амри табиъист.

Аммо ҳунари аслӣ аз миён нопадид мешавад. Дар як кори дастии ҳунарӣ энержии покизаи вуҷуди инсону табиъати зинда ҷойгузин аст, ки барои саломатии инсону ҳифзи он аз омилҳои манфӣ таъсири бузурге мегузорад. Аммо як кори мошинӣ аз қуввои барқии маснуъӣ, аз рангу риштаҳои маснуъиву шимӣ ва маҷмуъан метавонад аз энержии манфӣ борвар бошад, ки таъсири бузурги манфие ба саломативу руҳи инсонҳо мегузорад.

Мо мехоҳем, мекўшем ва ҳамарўза аз пайи онем, ки бо ҳунарҳои оливу зарифу дастӣ, ки аз табиъати зинда моя мегиранд, ба саломатии инсонҳо эҳтиром гузорем ва яқин дорем, ки ҳунар наҷотгари башарият аз ҳамаи ҳаводиси нохушоянду кушанда ҳаст.

Корҳое, ки мо анҷом медиҳем:

  • Омўзиши ҳунарҳои дастии мардумони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабони он (нашру пахши китобу каталогҳои мусаввар);
  • Омўзишу таҳлили корҳои ҳунарии мардумони кишварҳои дигар (нашри китобу каталогҳои мусаввар);
  • Бештар такя додану ба кор гирифтани ашёи табиъӣ ва парҳез аз маводи маснуъӣ;
  • Истеҳсоли ранг аз ашёи табиъӣ (дарахт, растанӣ, гил…);
  • Парвариши растаниву буттаҳои дорои рангҳои мухталиф;
  • Истеҳсоли матоъҳои дастӣ (абр, адрас, атлас, гилем…);

Анвоъи ҳунарҳо:

  • Гилемҳо бо нуқуши қадимаи милливу рангу нахи табиъӣ;
  • Зардўзӣ (анвоъи ҷомаҳои занонаву мардонаи саҳнавӣ
    бо нақшҳои мухталифи ҳандасиву зооморфиву амсоли инҳо);
  • Кашидадўзӣ;
  • Заминдўзӣ;
  • Сўзанидўзӣ;
  • Пироҳанҳои саҳнавии ҳунарӣ;
  • Ҷомаҳои армуғонии шоҳона;
  • Либосҳои арўсӣ бо тазйиноти миллӣ;
  • Ороишоти заргарии миллӣ (нуқракорӣ);
  • Кулолгарӣ;

Тавассути сайт ба фурўшгоҳи интернетии «Ҳафт пайкар» ворид шавед, офаридаҳои моро бибинед, барои худ фармоиш диҳед, ҳамкориро ба роҳ монед ва бо ҳамроҳии мо барои ривоҷи ҳунару таҳкими иқтисоди инсонҳо саҳм бигиред.

Recent Posts